- қадам
- [قدم]а1. пой, андозаи пой аз сарангушт то пошна2. фосилаи байни ду пой вақти роҳ рафтан, гом (ҳамчун воҳиди паймоиш)3. қадаммонӣ, роҳгардӣ, роҳравӣ; бо қадамҳои дилпурона, бо қадамҳои калон-калон, бо қадамҳои қатъӣ, бо қадамҳои оҳиста, бо қадамҳои тез-тез, бо қадамҳои устувор4. қудум, ташриф, омадан5. маҷ. иқдом дар коре; қадами аввалин а) гоми нахустин; б) киноя аз ибтидои коре, оғози чизе, шавгун; машқи қадам тамрини қадаммонии низомӣ ё варзишӣ, машқи роҳгардии хоси ҳарбиён ё варзишгарон; бо қадамҳои ҳарбӣ ба тарзи қадаммонии низомиён, бо роҳгардии хоси ҳарбиён; дар ҳар як қадам дар фосилаи ҳар як гом; як-ду қадам дуртар андаке дуртар, дар фосилаи начандон зиёд; қадам бардоштан ба роҳ даромадан, равон шудан; қадам гузоштан (мондан, ниҳодан) а) по гузоштан, ба роҳ даромадан; роҳ рафтан, роҳ гаштан; б) равон шудан ба сӯе, рафтан; в) омадан ба ҷое; г) даромадан, дохил гаштан, ворид гаштан ба ҷое; ғ) маҷ. шурӯъ намудан, оғоз кардан ба коре; қадам задан роҳ гаштан; роҳ рафтани бисёр барои гардиш ё вақтгузаронӣ; қадам кардан масофаеро бо қадам андоза кардан; қадам партофтан пой мондан, ба роҳ даромадан; роҳ рафтан, роҳ гаштан◊ музди қадам ҳаққе, ки ба табибон, мутрибон ва м. инҳо барои омаданашон медиҳанд, поймузд; як сари қадам а) сари роҳ, аз ҷое гузашта истода; б) ба фурсати кам, барои андак вақт; қадам ба қадам гом ба гом; батадриҷ, оҳиста-оҳиста; дар сари ҳар қадам // дар ҳар қадам дар ҳама ҷо ва ҳамеша; зуд-зуд; аз қадами… ба шарофати омадани…, аз юмни қудуми…; аз пои қадами (неки) касе аз хушқадамии касе; аз пою қадами касе бинобар расидани пои касе ба ҷое; ба шарофати омадани касе ба ҷое; қадам беҷо мондан бемулоҳиза рафтор кардан; муқ. пои худро беҷо мондан; қадам каҷ гузоштан (мондан) ба роҳи бад рафтан, бадахлоқӣ кардан; қадамро дониста мондан кореро бамулоҳиза ва ҳушёрона иҷро кардан; дар коре эҳтиёт ба харҷ додан; қадамро шумурда мондан (партофтан) бо эҳтиёт роҳ гаштан; саросема нашуда, оҳиста роҳ рафтан; қадам ранҷа кардан қабули заҳмат карда омадан (дар мавриди аз рӯи лутф ва марҳамат ба ҷое омадани шахси мӯҳтараме гуфта мешавад); қадами касе аз ҷое канда набудан рафтуои худро ба ҷое қатъ накардан, алоқаи худро набуридан; муқ. пои худро аз ҷое кандан; қадами касе (ё пою қадами касе) ба ҷое расидан ба ҷое омадани касе; қадами худро (ё пою қадами худро) аз ҷое кандан рафтуои худро ба ҷое қатъ кардан, алоқаи худро буридан; қадаме ба пеш будан пешравие ҳисоб шудан, пешрафт будан; як қадам берун намондан (нарафтан) пурра мувофиқи нишондоди касе кор кардан, аз гапи касе ҳеҷ набаромадан; як (ду) қадам роҳ будан наздик будани роҳ; ба остонаи ҷое қадам ниҳодан (гузоштан, мондан) ба ҷое даромадан, ворид шудан, дохил шудан; ба рӯи қадам омадан таваллуд ёфтан, зоида шудан, ба дунё омадан; ба соле қадам мондан (ниҳодан, гузоштан) ба соле даромадан, … ба синне расидан; ба ҳаёт қадам гузоштан (мондан, ниҳодан) бо дунё омадан, таваллуд ёфтан, зоида шудан; ҳар қадами касеро назорат кардан рафтори касеро сахт назорат кардан, ҳар як кори касеро таҳти назорат гирифтан; қадам расид, бало нарасад бо омадани касе балоҳо, офатҳо дафъ шаванд (дуое, ки дар вақти омадани меҳмоне мегӯянд); қадаматон болои дида // ҳар қадаматон нури дида, тоҷи сар аз ташрифатон бисёр хушнуд ҳастем (дар мавриди пазироӣ ба меҳмон мегӯянд); қадами аввал-лӯкка аз одами навкор камбудӣ рӯй медиҳад; ҳар кор дар аввал нуқсон дорад; қадами касе муборак будан ба шарофати омадани касе хайрият шудан ва омад кардани корҳо; қадами худро озор надодан ба ҷое дигар наомадан, рафтуои худро қатъ кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.